РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғат»-ро ифтитоҳ намуданд

10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо саҳми соҳибкор Рустамзода Фирдавс бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Коргарон нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта мустақилона ба тавлиди пояфзолҳои хушсифат машғул мебошанд. Оянда бо ба роҳ мондани истеҳсолот дар ду баст шумораи коргарон то ба 45 нафар расонида хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар шаҳри Конибодом заминаи хуби татбиқи ҳадафҳои панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд.

Дар коргоҳ 12 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, дастгоҳи гулзанандаи пойафзол ва дигар таҷҳизоти лозима аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ 130 ҷуфт ва дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ шудааст.

Пойафзоли мардона ва бачагона барои хонандагон, номгӯи молҳои дар коргоҳ истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Маҳсулоти тайёр ба бозори дохилӣ рақобатпазир буда, барои таъмини эҳтиёҷоти мардум ба фуруш бароварда мешавад.

Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир гашта, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар кишвар шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар коргоҳу корхонаҳои нав таъсис медиҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад. Масъулини коргоҳи саноатӣ ваъда доданд, ки минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва барои ободии сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram