РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуданд

 Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод шинос шуданд.

Масофаи умумии роҳ 76 километрро дар бар гирифта, ҳоло 3500 коргару мутахассис бо истифода аз 400 техникаву механизмҳо барои ба анҷом расонидани сохтмон фаъолият доранд. 

Сохтмони роҳ дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ” татбиқ гардида, ба 3 қитъа ҷудо мегардад.

Дар марҳилаи якуми сохтмон қитъаи Обигарм-Тагикамар бо бунёди 30 километр роҳ, 5 пули нав, навсозии 1 пули мавҷуда ва сохтмони 2 нақб бо дарозии умумии беш аз 3 километр амалӣ мешавад, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар доираи марҳилаи дуюм бошад дар қитъаи Тагикамар-Нуробод сохтмони 47 километр роҳ, 6 пул, як пули муваққатӣ, нақби Тагикамар бо дарозии 2,6 км ва навсозии 1 пули мавҷуда босуръат идома дорад ва интизор меравад, ки то охири соли равон ба поён мерасад.

Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони як пул бо дарозии 920 метр аз болои обанбори Неругоҳи “Роғун”дар назар аст, ки дарозтарин дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram