10-уми сентябри соли 2024 гурӯҳи эҷодии «Узбекфилм» бо мақсади баргузории санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ва омода намудани либосу реквизитҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Дар ин замина, имрӯз дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” санҷиши видеоии ҳунарпешаҳо оғоз гардид.
Хотирнишон менамоем, ки сафари гурӯҳи эҷодии “Узбекфилм” то 13-уми сентябри соли 2024 идома ёфта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии “Тоҷикфилм” ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филм мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.
Ҳамзамон, дар ин давра сохтани ороишоту саҳнасозӣ ва пешниҳоду тасдиқи лоиҳаи ангоравии либосҳо дар назар аст.
Давраи наворбардории филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” то соли 2025 идома меёбад.