РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва 2 гектарро боғ ташкил медиҳад. Дар ин мавзеъ асосан картошка парвариш карда мешавад.

Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст.

Шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои картошкапарварӣ хеле мусоид аст ва ноҳия дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш асосан навъҳои тухмиҳои “Тоҷикистон”, “Пикассо”, “Покистон”, “Сурхоб”, “Эвалюшн”, “Аризона”, “Элита”, “Гала”, “Бигроза” ва ғайраро кишт мекунанд, ки серҳосиланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо деҳқонон, истифодаи самараноки заминро омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии дастархони мардум номида, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқлилонаи ҳар ваҷаб замин ҳидоят намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, имсол 1 ҳазору 803 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Лахш дар майдони 8 ҳазору 246 гектар зироатҳои гуногун кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Ҳамзамон соли равон деҳқонон тибқи дурнамо дар майдони 10 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина хоҳад гузошт. Дар маҷмуъ, майдони боғот дар ноҳия 1 ҳазору 740 гектарро ташкил медиҳад.

Деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Лахш дастурҳои мушаххас доданд.

Дар қисми дигари намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари бонувон баҳои баланд дода, онҳоро ба рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ, ки бозгӯи таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст, ҳидоят намуданд.

Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бонувону ҷавондухтарон дар ноҳияи Лахш ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, ба онҳо имтиёзу имкониятҳои зиёд, аз қабили грантҳои Президентӣ дода мешавад.

Дар ноҳияи Лахш ҳамзамон ҳунармандон ба кандакорӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, оҳангарию бофандагӣ ва ғайра машғул буда, дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд ва аз ҳисоби маҳсулоти дастии омоданамудаи хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

Маҳсулоти нонӣ, аз қабили гирдача, хушкфатир, чапотӣ, кулча, кулчақанд, шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, ки аз ҷониби нонпазон ва кадбонуҳои моҳир омода карда шудаанд, ба намоишгоҳ шаҳомати хоса зам намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Лахш ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, тавассути ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки сол то сол дар ин ноҳияи дурдасти кишвар ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақ меёбанд.

Бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ аз нав эҳё гардид ва он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он омӯзонида мешавад.

Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳунармандон таъкид намуданд, ки ташкил кардани бахшҳои ҳунаромӯзӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ноҳия ва ҳамчинин дар шароити хона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб кардани ҷавондухтарону занони бешуғл манфиатовар буда, ба ин восита дар оянда даҳҳо ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram