Дерест, ки ин мавсим муштоқу мунтазири кушуда шудани пардаи театр мондем. Акнун даррасид фурсати шодиву дидор. Дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ мавсими оғози 95-умин солгарди театрӣ баргузор мешавад. Азм шуда, ки ин мавсим модари театрҳои тоҷик – Лоҳутӣ бинандаро бо нахустнамоиш ҷазб созад.
“Хунхори торросӣ” ном асари драматурги номии турк Азиз Несин буда, бори аввал дар театри тоҷик рӯйи саҳнаро мебинад. Асари мазкур ҳаводиси носозгориҳову ноадолатиҳо ва нобарорариҳои замони нависандаро фарогир буда, роҷеъ ба хунхоре аз русто ё маҳалле бо номи “Торрос” –и Анқара қисса мекунад. Бедодгариҳову зишткориҳо ва тороҷу талаб кардани моли давлат, фасод ва зулму ситами як хунхор бар сари мардум: ҳамин будааст муҳтавои асосии асари мазкур, ки дар таҳияи саркоргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов рӯйи саҳна омадааст.
Нақши марказиро дар ин намоиш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир иҷро мекунад. Дар нақшҳои дигар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, ҳунарпешаи саршинос Малика Азизмамадова ва дигарон банд мебошанд, минҷумла ҳунарпешаҳои ҷавони ҳамин тетар.
Бояд гуфт, ки Театри ба номи А. Лоҳутӣ соли қабл низ мавсими нави театриро бо намоиши тозае таҳти унвони “Арвоҳи беқарор” дар коргардонии Султон Усмонов оғоз карда буд. Ин намоиш аз рӯйи асари актёр, коргарон ва драматурги англис Ноэл Кауард дар тарҷумаи Мафтунаи Ҳисорӣ дар коргардонии Султон Усмонов таҳия гардида буд.
Таъхири баргузории нахустнамоиш имрӯз, 20-уми сентябри соли 2024, соати 17:30 дар саҳнаи Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Лоҳутӣ сурат мегирад.
Марҳабо ба тамошои театр…
Таҳияи Лутфуллои Азиз