19 сентябри соли 2024 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири давлатии Департаменти Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба масоили маориф Кэтрин Маккиннел баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрии мазкур ҳамсуҳбатон доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши маориф, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самтро матраҳ намуданд.