Шоми 22 сентябр дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Рӯдакӣ» ба таври ройгон пешниҳоди тамошобинон гардонда шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ» бахшида ба 33-солагаии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Рӯдакӣ ва 95-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, поягузори санъати операнависии тоҷик, профессор Шарофиддин Сайфиддинов ба намоиш гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки намоиш аз соли 1976, ки аввалин бор рӯйи саҳна омада буд, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид. Он аз тарафи мунаққидон сазовори баҳои баланд гардида, то имрӯз аз саҳнаи театр дур нашудааст. Нахустнамоиши операи «Рӯдакӣ» дар таҳияи нав ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) ва 95-солагии Шарофиддин Сайфиддинов бахшида шуда, дар шаҳри Хуҷанд манзури тамошобинон гардид, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ онро тамошо намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки таҷлили зодрўзи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устоди шоирон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар кишвари маҳбуби мо — Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 22 — юми сентябр доир мегардад.
Устод Рӯдакӣ бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, мазмуну муҳтавои олӣ ва андешаҳои башардӯстонаи худ мардуми оламро ба адолат варзидан, озодандешӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ даъват намуда, ба ин восита дар густариши фарҳангу тамаддуни оламгири миллати тоҷик хизмати босазо намудааст.