22 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Саммити Оянда дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, ректори Донишгоҳи СММ (UNU) Тшилидзи Марвала ва директори Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) Кове Маданӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд
Зимни мулоқот С. Муҳриддин изҳор дошт, ки имрӯз дар шарикии пойдори мо бо UNU ва UNU-INWEH як саҳифаи нав аст. Ин ҳамкорӣ уҳдадории муштараки моро дар ҳалли мушкилоти глобалии дастрасӣ ба об ва ҳифзи муҳити зист инъикос мекунад. Тоҷикистон аз нақши пешсафиаш дар масоили об ифтихор мекунад. Табодули донишҳои илмӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии об мусоидат хоҳад кард. UNU шарики боэътимод барои дарёфти роҳҳалҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори техникии кишварҳои ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти марбута мебошад. Мо аз пешрафте, ки дар якҷоягӣ бо UNU-INWEH ба даст овардаем, қаноатмандем ва умедворем, ки саъю кушиши муштаракамонро барои таъмини ояндаи устувортар ва тобовар барои ҳама вусъат диҳем.
Тшилидзи Марвала изҳор дошт, ки ин шарикӣ ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ва UNU-ро таҳким бахшида, ҳамкориҳоро дар мавриди роҳандозии барномаҳое, ки ба табодули дониш, таҳкими иқтидор ва тадқиқоти илмӣ равона гардидааст, мусоидат намуда, ба равобити ҳарду ҷониб оид ба чолишҳои глобалии устуворӣ, бахусус дар соҳаи илм, технология, инноватсия ва устуворӣ саҳм мегузорад.
Тоҷикистон уҳдадориҳои собитшударо дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об доро мебошад. Ҳамчун кишвари узви СММ Тоҷикистон дар пешбарии 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили “Соли байналмилалии оби тоза», “Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, 2005-2015″, «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” нақши муҳим бозидааст. Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси мизбони Конфронси оби СММ дар соли 2023, дар таблиғи рӯзномаи об нақши калидӣ бозид ва пас аз тақрибан 50 сол гуфтугӯҳои сатҳи баланд дар бораи оби тозаро идома дод.