23 сентябри соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо дабири кулли Маркази фарҳангии мероси исломӣ Шайха Ҳусса ас-Сабоҳ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу адаб, баргузории чорабиниҳои муштарак ва танзими сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди муҳокима қарор доданд.