Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин санъат ва фарҳанги миллати тоҷик муаррифӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар медиҳад, аз 17 то 23 сентябр дар Чин таҳти унвони «Чин — намоишгоҳи наққошии панҷ давлати Осиё» байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ намоиши асарҳои рассомӣ аз намуди рангкашӣ (рангкунӣ) баргузор гардид.
Дар намоиш бо даъвати Донишкадаи Синдао Бинхайи давлати Чин намояндаи Тоҷикистон- омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, рассоми чирадаст ва ҳунарманди шинохта дар жанри тасвири симо Беҳзод Боймуродов иштирок намуд.
Беҳзод Боймуродов дар намоиши асарҳои рассомӣ дар Чин бо асарҳои эҷодияш санъат ва фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ намуда, соҳиби мукофот ва Диплом гардид.