РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Истаравшан нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ — “Озар” оғоз гардид

1 октябри соли ҷорӣ бо қабули расмии 20 нафар аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ таҳти роҳбарии Президенти созмони мазкур ҷаноби Саад ал-Қаддумӣ ба нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ — “Озар” дар шаҳри Истаравшан оғоз бахшида шуд. Дар ин бора аз Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Дар нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 нафар ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Штатҳои мутаҳидаи Америка, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Болгария, Шветсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Ҷумҳурии мардумии Хитой, Зеландияи нав, Кувейт ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Иштирокдорон нахуст бо арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.

Сипас, ҳайати меҳмонон аз намоиши таъомҳои миллӣ дидан намуданд.

Дар идома ба ҳайати меҳмонон ҷараёни омодасозии маҳсулоти оҳанӣ, аз ҷумла корду шамшер, ханҷару дигар маснуоти кишоварзӣ муаррифӣ карда шуд.

Аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, корпусҳои дипломатӣ, аҳли зиё ва собиқадорону ҳунармандони номии кишвар бо намоиши байналмилалии ҳунармандон шинос шуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram