1 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ин рӯз Қоҳир Расулзода бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро дар деҳаи Муродтеппаи ноҳияи Носири Хусрав мавриди истифода қарор дод. Иншоот аз ду ошёна барои 320 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бинои хизматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуд. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, аз 12 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат аст.
Дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Инчунин дар деҳаи Устокорони Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии бино 3,60 гектарро ташкил менамояд. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.
Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Шаҳритус бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Бабан бобо» дар 1,25 гектар чормағзи заминии навъи «маҳаллӣ» кишт карда, ҳоло ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои астбестӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо маблағи 2 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Сатторов сохта шуда, 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Инчунин дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритус коргоҳи дӯзандагии «Муродгул» ба истифода дода шуд.
Давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 343 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.
Сарвазири Тоҷикистон дар деҳаи «Қабла»-и Ҷамоати деҳоти Назарови ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли хишти пухтаро ба истифода дод. Иқтидори истеҳсолии корхонаи хишти пухта дар як шабонарӯз то 40-50 ҳазор дона буда, дар майдони 30 садяк сохта шудааст. Таҷҳизоти корхона аз хориҷи мамлакат бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ ва васлу насб гардидааст.
Дар деҳаи «Бошқалъа»-и ин ҷамоат роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ ба масофаи 3,5 километр ба истифода дода шуд. Ин роҳ бо ташаббуси соҳибкорон ва дигар шахсон сохта шуда, мушкили чандинсолаи сокинонро бартараф менамояд.