8 октябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо муовини ёвари маъмури Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) оид ба масъалаҳои Осиё Анҷали Каур баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва маъмури Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар самти татбиқи лоиҳаву барномаҳои амалкунанда дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф баррасӣ гардид.
Инчунин ҷонибҳо оид ба шарикӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ доир ба масоили обу энергетика ва савдо мубодилаи афкор намуданд.