Дар Тоҷикистон 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик муқаррар шудааст. Ҳадаф аз таҷлили ин сана муаррифӣ намудани дастовардҳои кинои тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик ба воситаи кинои миллӣ мебошад.
Пас аз ба даст овардани истииқлолият дар раванди синамосозии тоҷик муддате хомўшӣ ба вуљуд омад, ки сабаби он нооромиҳои дохилӣ буд. Бо вуҷуди ин синамотографистони тоҷик зиёда аз дусад филми мустанд, бадеӣ ва силсилавиро рўи навор оварданд, ки онҳо ба марҳилаи нави рушди санъати синамои миллии тоҷик роҳ кушоданд.
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амал менамояд. Ҳадафи барнома аз тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи мамлакат, таъмини соҳаи синамо бо техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинон ба кино иборат мебошад.
Барномаи рушди кино ба тақвияти ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо барои истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмиллалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд.
Ҳадафи кинои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат- тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик дар давраи ҷоҳонишавӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кинои тоҷик ба таври замонавӣ рушд намуда, коргардонҳои тоҷик тавонистанд бо сабти филмҳои кӯтоҳу дароз, ба монанди «Муаллим», «Қиёми рӯз», «Оинаи беҷило», «Автобус», «Таксӣ», «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Дов», «Охирин сайди сайёд», «Этюд», «Сарбор» ва ғайра соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гарданд.
Филми ҳунарии «Дов», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» рӯйи навор омадааст, соли 2024 дар синамоҷашнвораи байналмилалии Дакка сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филмномаи Осиёи Миёна» гардид.
Филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳ ва мустанад, ки соли 2024 ба навор гирифта шудаанд, «Зиндагӣ зебост», «Танҳо ту», «Виҷдон», «Туман», «Моҳии тиллоӣ», «Осори фаронсавӣ», «Ҷашни Сада», «Баҳори Душанбе», «Ширин», «Қасри тақдирсоз», «Чакомаи чака» ва «Дар талоши ҳақиқат» мебошанд, ки далели пешравии кори синамогарони ҷавони тоҷик мебошанд.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соли равон филми наве бо номи «Ширин» таҳия намуд, ки нахустин филми коргардони ҷавон Умеда Турсунова буда, бо ин маҳсули эҷодӣ ӯ мехоҳад ба олами синамо ворид гардад.
Ба таҳия ва наворбардории филм гурӯҳи эҷодию техникӣ ва ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.
Филм дар жанри драмаи оилавӣ эҷод шуда, дар бораи ҳаёти оилавии Ширину Саид қисса мекунад. Ҳаёти орому осудаи оила пас аз рӯйдоде ба зиндагии пурихтилоф мубаддал мегардад. Дар гирудори зиндагӣ барои қаҳрамони асосии филм- Ширин чеҳраи воқеии наздиконаш ҳувайдо мегардад. Муҳаббат ва тифли бегуноҳ сабаби наҷоти оила мегарданд…
Дар Тоҷикистон барои ҷавонони ҳунарманд тамоми шароит фароҳам оварда шуда, онҳо имкон доранд дар рушди кинои тоҷик саҳм гузоранд.
Иштироки филмҳои коргардонҳои тоҷик Носир Саидов, Шарофат Арабова, Абдулҳай Зокиров, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Умедшо Мирзоширинов, Манзаралӣ Шералӣ, Файзулло Файз, Румӣ Шоазимов, Муҳиддин Музаффар ва дигарон дар фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ далели шароити хуби фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи синамо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи синамои тоҷик маротибаи аввал 15 довталаб таҳсилро дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.А. Герасимови шаҳри Москва оғоз намуданд. Зеро масъалаи тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи синамои миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар давраи таҳсили солҳои 2024-2028 ба 15 довталаб аз Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки дар асоси бурсияҳои Агентии федералии Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар коргоҳи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография маҳорати ҳунарпешагиро азхуд намоянд. Пас аз хатми таҳсил ҳунарпешаҳои касбӣ ба Тоҷикистон баргашта, дар соҳаи театру синамо фаъолият менамоянд, ки ин ба рушду пешрафти соҳа мусоидат мекунад.