РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва вазири фарҳанги Давлати Қатар мулоқот намуданд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои фарҳанги миёни ду давлат баррасӣ гардида вобаста ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муколама доир гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800 солагии Москва, инчунин Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон  Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram