РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

30 нафар соҳибкорзан соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд

Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» ба 30 нафар соҳибкорзанон ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 тақдим гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар вилояти Хатлон 31 264 нафар занони соҳибкор расман фаъолияти инфиродиро рушд медиҳанд. 19 084 нафари онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна байни занону духтарон аз соли 2021 то соли 2023 ба 63 нафар занони соҳибкори вилоят гранти Раиси вилояти Хатлон дастрас карда шуд. Ин грантҳо ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram