РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия мешавад

16 октябр таҳти раёсати муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ҷаласаи сеюми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» (дар таҳрири нав), ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ шудааст, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ҳадафи таҳияи лоиҳаи ин қонун пурра ба танзим даровардани муносибатҳои муосир дар соҳаи энергетика, махсусан низоми биллингӣ дар шабакаҳои барқии мамлакат мебошад. Дар ин замина таҳияи санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки қисмати техникии соҳаро низ ба танзим медароранд, дар назар аст.

Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» (дар таҳрири нав) бо мақсади пурра ба танзим даровардани бозори энергетикии мамлакат бо назардошти таъсис ёфтани ширкатҳои энергетикӣ дар самти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ таҳия карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сеюми корӣ се рӯз идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram