РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе таҳти унвони «Тарбияи ҳуқуқии журналистони соҳавии телевизион» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

18-уми октябр дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ташаббуси кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи телевизион ва радиои донишкада конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Тарбияи ҳуқуқии журналистони соҳавии телевизион» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 65-солагии телевизиони тоҷик дар доираи амалисозии Лоиҳаи таҳқиқотии «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони соҳа ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Тарбияи ҳуқуқии журналистони соҳавии телевизион» оид ба мавзуъҳои “Марҳилаи ташаккули телевизионҳои соҳавӣ дар Точикистон”, “Хабарнигори телевизиони соҳавӣ: баён, умумият ва махсусиятҳои касбӣ”, “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналист ва риояи он дар расонаҳои электронӣ”, “Таносуби истифодаи мати бар видеонавор дар таҳияи барномаҳои телевизиони соҳавӣ, “Хабарҳои дуруғ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар пасманзари муборизаҳои иттилоотӣ”, «Нақши синамо дар телевизиони муосир”, Мавқеи радио дар байни воситаҳои ахбори омма” ва дигар мавзуъҳои муҳими соҳа маърузаҳои илмӣ ироа гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram