РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

50 соли фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев


Имшаб, таърихи 21-уми октябр дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ маҳфили рангини ҳунарӣ — 50 соли фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев баргузор шуд. Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Олимзода Дилбар, муовини вазири фарҳанг Обид Назариён, аҳли ҳунару санъат ва алоқамандони ҳунари волои ин ҳунарпешаи камназир ҳузур доштанд.
Бояд гуфт, ки Асланшоҳ Раҳматуллоев 23-юми сентябри соли 1954 дар деҳаи «Пшён» — и ноҳияи Восеъ дида ба дунё кушуда, соли 1975 баъди итмом овардани мактаби миёнаи рақами 2-и шаҳри Кӯлоб, ба Донишгоҳи давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав (ВГИК) ба номи Герасимов шомил шуда, аз ҳунарпешар дастони ҳама давру замонҳо, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Бондарчук маҳорат актёрӣ омӯхта, сипас чун фориғултаҳсили риштаи бозигарӣ ба Ватан бармегардад. Маҳорати воло ва ҳунари худододаи варо мушоҳида намуда, ҳамон ҳин, яъне соли 1975 ӯро ба Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ минҳайси ҳунарпеша қабул мекунанд. Ин ҳунарпешаи номдору маҳбуби тоҷик тӯли 20 сол дар ин саҳнаи муқаддас ҳунар намида, дар як қатор намоишҳои мондагор минҷумлаи «Ҳамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» ва садҳои дигар нақшҳои мухталифу мондагор бозидааст. Ҳамчунин дар ин миён баъди як соли бозигарӣ дар саҳнаи Театри ба номи Лоҳутӣ, соли 1976 дар Гурҷистон адои хизмати аскарӣ намуда, сипас боз ба Ватан бозгашта, масири ҳунарашро дар ҷойи кори аввалаш идома бахшидааст.
Ааланшоҳ Раҳматуллоев на ки як ҳунарпешаи дастони театр дониста дониста ва пазируфта шудааст. Ҳамчунин ҳунари волои ӯро мухлисон дар пардаи синамо бешумор дидаанд ва лаззат бурдаанд.
Ин феҳристи нотамом, ки аз филмҳои
«Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли кишварҳои дигар барои намуна «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телеканали НТВ) ва даҳҳои дигар дониста мешаванд, аз камназиртарин офаридаҳои мондагор мебошанд, ки дар онҳо Асланшоҳ Раҳматуллоев нақш офаридааст.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоевро ҳамчунин мардум дар намоишҳои телевизионӣ ҳам бешумор дидаанд, ки яке аз нақшҳои хотирмонаш «Шоҳ» дониста мешавад. Ҳоло ӯ дар масири воқеии эҷодӣ буда, 30 соли охир ба сифати коргардон, ҳунарпеша, сенариянавис ва устод дар Театри намунавӣ — минётураи «Ойина» фаъолият мебарад. Ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев комгориҳо таманно дорем.

Таҳияи Лутфуллои Азиз

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram