РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” доир гардид

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” доир гардид, ки дар он ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз кишварҳои дўсти Точикистон Федератсияи Россия, Чумхурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, чумҳуриҳои Туркия, Туркманистон, Ўзбекистон ва Ҳиндустон бо бехтарин намунаҳои китобҳои муассисаҳои табъу нашри хеш ширкат доранд.

Имсол дар Намоишгоҳ беш аз 40 ношир зиёда 5000 унвон китобҳои тозанашри худро дар риштаҳои адабиёти бадей, адабиёти кӯдак, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу ичтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намудаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2010 инчониб бо карори Ҳукумати Чумхурии Точикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун як падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртибототи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст баргузор мешавад ва он ҳам як фурсати муносиб барои табодули тачрибаи ноширон, муаррифии китобҳои тозанашр ва умуман тарвиҷи фарҳанги китобдориву китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram