21-уми октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар рӯзи аввали озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз вилоятҳои Суғду, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.
Дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ихтироот ва конструксияҳои коркарднамудаи хонандагон ба намоиш гузошта шуда, ба онҳо аз ҷониби комиссияи салоҳиятнок баҳои муносиб дода шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони касбу кори гуногун аз рӯи ҳафт номинатсия то 26 октябр баргузор мешавад.