РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Туркия робитаҳои фарҳангиро тақвият медиҳанд

23-юми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram