РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд

Дар шаҳри Ашқобод машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон вобаста ба мавзуъҳои банақшагирии сиёсати хориҷӣ, фаъолияти консулӣ ва масъалаҳои кадрӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо доир ба масоили фаъолияти таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ, такмили ихтисос ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи хидмати дипломатӣ, инчунин робитаҳои консулӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои хориҷӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram