24-уми октябри соли ҷорӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон таърихи дерина дошта, бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ду давлати ба ҳам дӯст, дорои урфу одат, таъриху фарҳанг ва анъанаву суннатҳои ба ҳам монанд мебошанд.
Қобили қайд аст, ки ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои зичи фарҳангӣ, табодули таҷриба, ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар соли 2025) мубодилаи афкор намуданд.