РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи телевизион ва радио баргузор гардид

Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши ҷавонони соҳаи телевизион ва радио баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷавонони соҳаи телевизион ва радио ошно гардиданд.

Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи телевизион ва радио бештар гардида, барои рушду равнақи соҳа шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳамоиш вобаста ба дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон, қабули якчанд санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар раванди идоракунии давлатӣ ибрози назар карда шуд.

Оид ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи телевизион ва радио иброз гардид, ки дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии мамлакат барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир имконият фаррох аст. Танҳо зарур аст, ки ҷавонон аз ин имконият васеъ истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки давоми ду моҳ мешавад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшачорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар кишвар бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногун зери унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» ҷараён дорад.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони ҷавони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиёни ҳамоиш гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram