РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

27 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ба шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади сафар иҷрои муқаррароти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат ва ба ин васила ҷалби бештари ҷаҳонгардон барои боздидҳои муштарак мебошад.

Сафари намояндагони Тоҷикистон, ки бо мақсади густариши ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия анҷом дода мешавад, то 31 октябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Русия бо 329,0 ҳазор нафар гардишгар ворид гардидааст.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир он босуръат рушд менамояд.

Таваҷҷуҳ ва афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нишони он аст, ки соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳоли рушд қарор дошта, маконҳои зебои он диққати гардишгаронро беш аз пеш ҷалб менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram