РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия баргузор гардид, ки дар кори он вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Форумро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шариконе, ки дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ширкати «Восток Капитал» ташкил намудааст. Ҳадафи он асосан ба ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат нигаронида шудааст.

Иштирокчиён изҳор намуданд, ки нахустин Форуми сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия буда, майдони фарох ва муассир барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар соҳаи таҷҳизот ва технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок маҳсуб мешавад.

Дар доираи форум баргузории чор ҷаласа дар соҳаҳои геологӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва металлургӣ дар назар аст. Дар форум коршиносони соҳа масоили марбут ба табодули таҷрибаи касбӣ, дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технологияҳои рушди устувор ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар форум ва намоишгоҳ беш аз 200 роҳбари ширкатҳои бонуфузи истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ технологияю таҷҳизоти пешрафтаи коркард, коркарди маъдан ва навгониҳои маъданро муаррифӣ мекунанд.

Дар форум таъкид гардид, ки омили асосии афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати кӯҳӣ, саноати коркард, коркарди партовҳо ва истеҳсоли ашёи хоми дуюмдараҷа мебошад. Форум ба баланд бардоштани иқтидори сармоягузории соҳа ва таъмини ҳамкории муассир байни намояндагони ширкатҳои махсус равона шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram