26 октябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи рушди ҳуқуқи инсон ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд аз донишгоҳи мазкур.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон ва ҳуқуқшиносони мамлакат мавзуъҳои гуногунро вобаста ба муҳимияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо ва амсоли ин масъалаи маърифатнокии аҳолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Бо ин мақсад аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккулёбӣ ва рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсия дар ташаккули амнияти иқтисодии Тоҷикистон», «Баъзе хусусиятҳои назариявии ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ислоҳоти конститутсионӣ», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ», «Пешвои миллат — тарғибгари арзишҳои ҳуқуқиву демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва «Конститутсия ва таҳкими ҳокимияти судӣ» маъруза намуданд.
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 яке аз дастовардҳои азими мардуми Тоҷикистон буда, таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро гузошт. Имрӯз он барои ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши хоссаро доро мебошад.
Тамоми дастовардҳое, ки дар 30 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими Президети мамлакат ва халқи Тоҷикистон мебошанд. Зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз ҷумҳурии моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд.