2 ноябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакор шинос шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, Сулаймон Зиёзода барои беталаф ва ҳарчи зудтар ҷамъ овардани пахта маслиҳат дод. Ӯ иброз намуд, ки шумораи ҳашарчиёнро аз ҳисоби саҳмдорон ва ёрдамчиён зиёда намуда, ҳамзамон онҳоро барои ғунучини пахта ҳавасманд намоянд.
Муовини Сарвазир дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамчунин таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро тезонанд.