РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад

7 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 574  довталаб даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49 ҳазору 267 нафар, дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуда, аз ин шумора ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51  довталаб  иштирок намуд, ки аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат дарак медиҳад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” узви ҳакамони озмун, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, омодагӣ ба даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланд қарор дошта, ҷадвали баргузорӣ, рӯйхати ҳакамон дар номинатсияҳо, шоҳчоизаҳо, рўйхати комиссияи аппелятсионӣ ва масъулон аз ҷониби вазорат барои тасдиқ пешниҳод гардидаанд.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта мешавад.

“Имсол барои ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Зиёд гардидани шумораи Шоҳҷоиза бо назардошти хусусияти синнусолии кӯдакону наврасон мебошад, зеро барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насрӣ аз рӯи чор номинатсия барои онҳо каме душвор буд, чунин тағйирот ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад”, — гуфт ӯ.

Ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» тағйирот ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо инобати ин соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.

Бо назардошти тағйироти воридшуда, имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram