РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева таҷлил гардид

5 ноябр дар Сафорат/Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода аҳамияти Конститутсия ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намуда, иброз дошт, ки маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз давлати мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳама соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram