РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад

12-14 ноябр дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки дар фестивал ансамблҳои рақсии беш аз 5 давлати ҷаҳон ҳунарнамоӣ намоянд. Инчунин дар фестивал тамоми дастаҳои рақсии Тоҷикистон рақси миллии тоҷикиро муаррифӣ менамоянд.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram