Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои таълимии физика, химия, биология, математика ва технологияи информатсионӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои дарёфти “Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи олимпиадаи мазкур Қувватзода Сайдулло, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, иттилоот ва фарҳанги Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис, кормандони дастгоҳи марказии кумита ва омӯзгорону иштирокчиёни олимпиада иштирок намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ зимин ифтитоҳ иброз намуд, ки олимпиада дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 — 2040, инчунин бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни донишҷӯёни коллеҷҳо баргузор мегардад.
“Олимпиада ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагон дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ бахшида шудааст”, — гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Таъкид гардид, ки пешрафти ҳар давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони мамлакат сахт вобаста буда, дар айни замон илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки олимпиада бо ташаббуси Кумита доир шуда, иштирокчиёнро аз 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъ овардааст. Дар даври якуми олимпиада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи фанҳои таълимии мазкур бо иштироки беш аз 2000 донишҷӯ баргузор гардида, 355 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Даври ниҳоии озмун ду рӯз – 10 ва11 ноябр идома меёбад.
Дар ҷамъбаст ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома, ҷом ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ мешаванд.