РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида барои рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи табиат, қонунияту тартибот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram