20 ноябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ, инчунин ташкили давраҳои омӯзишӣ ва табодули таҷрибаомӯзиро барои дипломатҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор доданд.