РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад

22 ноябр бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мақсади форум фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилӣ, иттилоотӣ-коммуникатсионии технологӣ ва молиявӣ барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ ва ташаккули иқтидори зарурии технологияҳои саноатӣ, рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати инноватсионӣ ва инфрасохтори он дар минтақаҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон форум майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷрибаро бо мақомоти давлатӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, коршиносони байналмилалию миллии соҳавӣ ва шарикони рушди мамлакат оид ба тавсеаи имконияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дурнамои муосири онҳо фароҳам меорад.

Дар форум муаррифии консепсияи «Маркази ягонаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва прототипи каталоги онлайнии маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар назар дошта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram