РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади дарёфти имконияти тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионию рақамӣ нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид.

Форум бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон доир шуда, дар кори он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Бо баргузории ин форум имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасонии молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.

Пеш аз баргузории форум Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро ташкил намуд.

Мақсади форум муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram