РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос шуданд

Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ ва ҳамроҳонаш бо шароити Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз наздик шинос гардиданд. Дар ин хусус аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» хабар доданд.

Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» оид ба имконияти сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Аз ҷониби мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи Чин бобати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram