25 ноябр дар шаҳри Абузабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири фарҳанг ва ҷавонони Аморот Шайх Cалим ибни Холид Ал-Қосимӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати тавсеаи равобит байни Тоҷикистон ва Аморот дар бахши фарҳангиро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ташкил намудани рӯзҳои фарҳанги ҳамдигар, танзими сафарҳои ҳунарӣ, иштирок дар ҳамоиш ва намоишгоҳҳои байналмилалии таҷассумгари мероси фарҳангӣ, маҷмуаи маснуоти осорхонаҳо, маводи табъу нашр ва матбуот, санъат ва ҳунарҳои мардумиро баррасӣ намуданд.