26 ноябр дар шаҳри Тошканд вохӯрии 14-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок намуд, хабар доданд аз ин вазорат.
Исматулло Насредин иштирокдоронро барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим даъват намуд.
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иштирокдоронро бо талошҳо ва иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ва ҳамоишҳои байналмилалии марбута шинос намуд.
Дар чаҳорчӯби ҷаласа ҳамчунин дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти муовинони вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии кишвари мизбон Бахтиёр Саидов баргузор гардид.