Дирӯз дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ зери унвони «Назария ва амалияи санъат ва дизайн: ҷанбаъҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Конференсияро муовини ректор оид таълим, номзади илмҳои филологӣ Ҷамила Худойбердиева ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат дар кишварамон барои рушди санъати тасвирй ва дизайн шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, ин қишри эҷодкорони ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумати кишвар қарор доранд.
Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаҳои доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ишматов Аскаралӣ Бозорович дар мавзӯи “Таърих ва хусусиятҳои матоъҳои миллии абрешимӣ”, номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Насруллоева Дилафрӯз Ҳикматуллоевна дар мавзӯи “Искусственный интелект как инструмент информационной безопасности”, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Эшонқулов Алишер Алигулович дар мавзӯи “Системы мониторинга как фактор безопасност”, магистранти курси дуюми ихтисоси санъати ороиши амалӣ Гулмадова Шаҳноза Ҳайдармадовна дар мавзӯи “Таъриху анъана ва мароми санъати гӯлдузии тоҷик” ва дигар омӯзгорону магистрон шунида шуданд.
Баъди ифтитоҳи расмии конференсия меҳмонону омӯзгорон ва донишҷӯён дар дарсҳои маҳорати касбӣ, ки аз ҷониби муаллими калони кафедраи графика ва миниатюра ба номи Фаррух Хоҷаев Олим Камолзода оид ба “Санъати миниатюраи Шарқ” ва омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Ҳисориева Маҳинабону Файзулломадовна оид ба “Санъати батик ва гобилен” гузаронида шуданд, иштирок намуданд.
Дар конференсия зиёда аз 70 мақолаи илмӣ дар чор бахш – “Анъана ва самтҳои афзалиятноки санъати тасвирӣ ва ороиши миллӣ дар замони муосир”, “Маърифати ҳуқуқӣ дар мактаби олӣ: назария ва амалия”, “Муаммо ва дурнамои рушди фанҳои дақиқ, табиат ва иқтисод: масъалаҳо, имконият ва роҳҳал” ва “Навгониҳо дар соҳаи дизайн ва мӯд” пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми конференсия пешниҳод гардид, ки мақолаҳои мазкур дар шакли маҷмӯаи алоҳида мурратаб гардида, барои муҳаққиқон ва алоқамандони соҳа ҳамчун дастури омӯзишӣ пешниҳод карда шавад.