13-14 декабри соли равон Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии «Меъмор-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсади намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва коллективҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир ва мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии итисосҳои меъморӣ ба шумор меравад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин: биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна; иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ; иншооти истеҳсолӣ; санъати тасвирӣ ва дизайн ва асари меъмории донишҷӯён доир карда мешавад.
Барои маълумоти бештар довталабон метавонанд ба рақамҳои 2230200 ва 901070790 муроҷиат намоянд.