РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид

5 декабри соли 2024 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардида, дар он омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласа таҳти раисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ситод муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи
маҷозӣ иштирок намудаанд.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати молия, ҷамъияти матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода, гузориши дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захирамамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилагжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ситод муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусали ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Зеваршоҳи УКТАМШОҲ
Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram