9 декабр дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шуро раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами марбут ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили рӯзномаи фаъолияти созмон дар марҳилаи муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 19 масъалаи мубрами рӯз баррасӣ шуда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул гардид.