3 декабр дар чорабинии Top Asia Corporate Ball 2024 Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии «Мамлакати дорои манзараҳои беҳтарини табиат дар Осиё» сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиати Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, Искандаркӯл ва Қарoкӯл мебошад. Ҷомеаи сайёҳии Малайзия тамоюли Тоҷикистонро ба сайёҳии устувор ва ҳифзмуҳитӣ бобати муаррифии мамлакат ҳамчун макони пешсаф барои сайёҳии экологӣ баланд арзёбӣ намуд.
Ҷоиза ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ супорида шуд.
Маҷаллаи «Top 10 of Asia», ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, таҳқиқоти васеъ гузаронида, фикру андешаҳои сайёҳон ва мутахассисони соҳаи сайёҳиро ҷамъ оварда, ба чунин хулоса расид. Ин ҷоиза аз ҷолибияти рӯзафзуни Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои маъруф барои сайёҳӣ ва талошҳои мамлакат барои тарғиби мероси табиӣ ва фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.