9 декабри соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордон Грлич Родман баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунии робитаҳои ҳар ду кишвар мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хорватияро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ матраҳ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро дар бобати ҳамкориҳо дар самти омӯзиши таҷрибаи соҳаи сайёҳӣ иброз намуданд.
Тоҷикистон бо Хорватия дар чаҳорчуби Иттиҳоди Аврупо низ муколамаи созанда роҳандозӣ намудааст.
Робитаҳои дипломатии Тоҷикистон бо Хорватия 25 сол муқаддам оғоз гардида, кишварҳо имрӯз дар бобати тақвияти мояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ кор мебаранд.
Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордон Грлич Родманро дар ин сафар гурӯҳи соҳибкорон низ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҳошияи сафар ҳамоиши соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор гардид.
Сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, фармасевтика ва саноати мошинсозӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими иқтисоди Хорватия ба ҳисоб меравад. Бахусус сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар хеле тараққӣ карда, имрӯз он зиёда аз 15% ММД-и Хорватияро ташкил медиҳад.
Дар фарҷоми мулоқот имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Хорватия баргузор гашт.