РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Миср намоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои таърихӣ» ифтитоҳ гардид

10 декабр бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои таърихӣ» намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода ва директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода оид ба муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан гуфтанд.

Дар намоиш намояндагони корпусҳои дипломатӣ, тоҷикони муқими Миср ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Арабии Миср иштирок намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 100 акс аз ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар соли 2022, осори нодири таърихӣ аз Осорхонаи миллӣ, имрӯзи шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Аз ҷониби намояндаи Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон экскурсия баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути аксҳо бо таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram