РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули илми ватанӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифт

14 декабр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз донишгоҳ хабар доданд.

Муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «ҳамоиши имрӯза мавзуи муҳим ба ҳисоб рафта, дар рушди илми ватанӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, пешрафту ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас мегузорад. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ хеле барҷаста мебошад».

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода гуфт, ки «саҳми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар мамлакат, рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф беназир аст. Бешак, метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ном ва фаъолияти фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад».

Дар ҳамоиш   дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ дар шароити  ҷаҳонишавӣ», «Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ-омили муҳимми рушди босуботи иқтисоди миллӣ», «Аккредитатсияи  байналмилалӣ-омили муҳими рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва дигар мавзуъҳо маърузаҳои илмӣ-таҳлилӣ  пешниҳод шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш музокирачиён фикру андеша ва пешниҳодҳояшонро вобаста ба таҳкиму ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram