РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар мусобиқаи Russian judo tour аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд

21-22 декабр дар Федератсияи Русия мусобиқаи Russian judo tour баргузор мешавад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок мекунад. Дар ин хусус аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик: Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг рақобат менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram