РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор шуд

10-уми декабр таҳти раёсати Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади татбиқи якхелаи меъёри қонунҳо дар бораи интихобот ва мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот Роҳнамо барои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва Роҳнамо оид ба ташкили овоздиҳӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Ҳамчунин барои мусоидат барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Тартиби намунавии овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳокима ва қабул карда шуд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram